Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши додугирифти Тоҷикистон бо Афғонистон


Тибқи иттилоъи вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, пас аз ба истифода дода шудани пули нави байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён, табодули мол миёни ду кишвар афзоиш ёфтааст. Гуфта мешавад, танҳо тайи як моҳ пас аз ифтитоҳи ин ду кишвар ба маблағи беш аз 3 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки назар ба моҳи қаблӣ ду баробар бештар аст.

Пули нави рӯи дарёи Панҷ, ки беш 670 метр дарозӣ дорад ва бо кумаки молии Амрико бунёд гаштааст, моҳи августи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG