Пайвандҳои дастрасӣ

"Оқ Жол" ба пирӯзӣ наздиктар мешавад


Дар интихоботи порлумонии Қирғизистон ҳизби “Оқ Жол” бештари раъйҳоро соҳиб шудааст. Комиссиюни Марказии Интихобот баъди баршумории тақрибан 85 дар сади баргаҳо хабар дод, ки “Оқ Жол” – ҳизби пуштибон аз раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев бо дарёфти беш аз 50 дар сади овозҳо дар хатти аввал қарор дорад. Ҳизби сотсиалистӣ - ҳизби мухолифи ҳукумат андаке бештар аз 9 дар сади раъйҳои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Даҳ ҳизби боқимонда, ки дар интихобот ба Жогорку Кенеш ширкат доштанд, алҳол ба паси сар кардани садди 5 дар садӣ муваффақ нашудаанд.

Аҳзоби мухолиф ва иддае аз нозирони байнулмилалӣ изҳор карданд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ қонуншиканиҳои зиёдро мушоҳида намуданд. Ва аммо нозирон аз Ҷомеъаи Кишварҳои Ҳамсуд интихоботро шаффоф ва демократӣ хонданд. Комиссиюни Марказии Интихобот низ эълом дошт, ки дар бораи қонуншиканиҳои ҷиддӣ дар ин маърака иттилоъе ё эътирозе нарасидааст.

XS
SM
MD
LG