Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси СПС ба истеъфо рафт


Никита Белих аз маснади раиси ҳизби неруҳои ростгарои “Союз правых сил” (СПС) истеъфо дод. Изҳороти ӯ имрӯз дар анҷумани ҳизб даргаҳри Маскав садо дод. Ҳамзамон ҳама аъзои Шӯрои сиёсии СПС ба истеъфо рафтанд.

Белих сабаби истеъфои худ ва Шӯрои сиёсии ҳизбро бо нокомӣ дар интихоботи ахир ба Думаи давлатии Русия марбут кард – СПС ба паси сар кардани садди 7 дар сада муваффақ нашуд.

Интизор меравад, ки дар ин анҷуман Борис Немсов расман номзад ба раиси ҷумҳурии Русия пешбарӣ шавад. Интихоботи президентии Русия моҳи марти соли 2008 доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG