Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти нави Толибон дар Қандаҳор


Бар асари амалиёти муштараки неруҳои НАТО ва артиши Афғонистон дар вилояти Қандаҳор дасти кам 20 тан аз толибон кушта ва 9 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Сайид Оғо Содиқ – раиси полиси вилоят хабар дод, ки амалиёт дар волусволии Жерай сурат гирифт ва тайи чаҳор рӯзи ахир чанд деҳа аз даст ба даст мегузаштанд. Дар бораи қурбониён миёни низомиёни НАТО ва Афғонистон иттилоъ дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG