Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии ёрмандӣ ба фаластиниҳо


Дар Париж конфаронси байнулмилалии кумак ба Фаластин ифтитоҳ шуд. Дар ин нишаст ҳайатҳо аз 90 кишвари олам ширкат доранд. Дар арафаи конфаронс Маҳмуд Аббос, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дар робита ба натоиҷи нишаст изҳори хушбинӣ кард ва гуфт, ки он "ба ҷуз кумак ба мардуми Фаластин аҳдофи сиёсӣ низ дорад".

Иёлоти Муттаҳида аллакай изҳор кард, ки барои татбиқи барномаҳои беҳбуди рӯзгори мардуми Фаластин беш аз 550 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар маҷмӯъ ҷамъ овардани тақрибан 6 миллиард доллар барои кумак ба Фаластин дар назар аст.

Конфаронси Париж – гоми муҳим дар роҳи татбиқи созишномаҳои Аннаполис арзёбӣ мешавад. Нишасти сулҳи Ховари Миёна дар шаҳри Аннаполиси Иёлоти Муттаҳида ба эҳёи музокироти миёни Исроил ва Фаластин мусоидат кард.

XS
SM
MD
LG