Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри китоби дуюми Донишномаи насри форсӣ-тоҷикӣ дар Қазоқистон


Нашриёти « Атамура»-и Қазоқистон китоби дуюми Донишномаи насри форсӣ-тоҷикиро ба табъ расонд.

Ба ин китоб се асари маъруфи классикии форс-тоҷик «Гулистон» -и Шайх Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва «Тӯтинома» - и Зиёвуддини Нахшабӣ шомил шудаанд.

Аҳмад Дуйсенбоев - ношир ва як тан аз дилбастагон ва мубаллиғони дурдонаҳои адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, ки ин асар бо кӯшиш ва ҳамдастии идораи илмии Донишномаи миллии тоҷик анҷом ёфтааст, мегӯяд, ки асар аз ҷониби дӯстдорони насри дилангези форсӣ-тоҷикӣ гарм истиқбол гардид. Зеро ин осори гаронбаҳо, ки таи садсолаҳо ба забонҳои гуногуни дунё ба табъ расидааст, бори дигар хонандаи русзабонро бо чунин шоҳкории адабиёти ҷаҳон ошно намуд.

Донишномаи насри форсӣ-тоҷикӣ бо мусаввараҳои классикии садаи 14, ки маҳз ба «Гулистон» бахшида шуда буданд, ва ба гуфтаи ношир, матни асарро комил месозанд, оро ёфтаанд. Тасвирҳои нотакрори мусаввири муосири Эрон Маҳмуди Фаршчиён асарро боз ҳам ҷолиб ва қимати онро бештар кардааст.

Ношир дар ҳар асари Донишномаи насри форсӣ-тоҷикӣ чун пешгуфтор ва

сарсухан беҳтарин мақолаҳои донишмандон ва ховаршиносони маъруф мисли Д. Е. Бертелс, Аълохон Афсаҳзод, Рустам Алиев, А.Қурбонов ва Т. Голтсро оварда, хонандаро бо мӯҳтавову қимати бебаҳои ин осори беназир ошно месозад. Оқои Дуйсенбоев таъкид мекунад, ки маҳз ҷанбаҳои ахлоқии ин осор, ба вижа «Гулистон» ва «Баҳористон» ва аҳамияти тарбиявии онҳо дар ҳама давру замонҳо онҳоро ба мардум қарин ва асари дӯстдоштании ҳамагон кардааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ношир, Шайх Саъдӣ 8 қарн муқаддам даъват мекард, ки бояд адолати иҷтимоӣ бештар реша бигирад ва миллионҳо нафар аз он баҳра бардоранд. Ин фармудаи донишманди бузург, ба андешаи оқои Дуйсенбоев имрӯз низ бештар аз пештар аҳамият дорад.

Аз ин хотир, дар Қазоқистон низ дӯстдорони дурдонаҳои насри форсӣ-тоҷикӣ торафт зиёд мешаванд. Беҳуда нест, ки баъди ба нашр расидани китоби дуюми Донишномаи насри форсӣ-тоҷикӣ қариб ҳама нашрияҳои кишвар бахшида ба ин рӯйдоди фарҳангӣ мақолаҳо ба табъ расониданд. Аз ҷумла, маҷаллаҳои бонуфузи «Сезон» ва «Бизнес Вомен Кз» зикр карданд, ки чопи осори классикони форс -тоҷик кори хайрест ва дар тарбияи ҷавонон ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии онон нақши умда хоҳад бозид.

Ёдовар мешавем, ки ин чопи сеюмини Донишномаи насри классикиии форс-тоҷик аст. Ду китоби аввал оғози соли равон бо номҳои Донишномаи насри форсӣ ва Донишномаи насри форсӣ-тоҷикӣ ба нашр расид, ки ба онҳо «Насиҳатнома» ва ё «Кобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковус, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ ва ҳикоёти форсӣ шомил карда шудаанд.

Китоби дуюми Донишномаи насри классикии форсу тоҷик ё ба истилоҳи ношир, гулдастаи «Гулистон», «Баҳористон» ва «Тӯтинома» ду ҳазор нусха ба чоп расидаааст. Агар ду чопи китоби аввал, яъне, «Кобуснома», «Синдбоднома» ва ҳикоёти форсиро зам намоем, имсол бо кӯшиш ва ҳиммати Аҳмад Дуйсенбоев дар Қазоқистон 6 ҳазор адад дурдонаи насри форсӣ-тоҷикӣ ба хонандаи русзабони кишвар пешниҳод гардид ва ҷаҳони маънавии онҳоро боз ҳам ғанитар гардонд.

Бар илова, ношир ба теъдоди 5 ҳазор нусха тақвими кисагӣ ва девории ҳарду китобро барои соли 2008 омода кардааст, ки онон низ барои дӯстдорони насри форсӣ-тоҷикӣ ҳадяи хубест дар остонаи соли нави мелодӣ.

XS
SM
MD
LG