Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи тенниси рӯи миз бо пирӯзии дастаҳои мардонаю занонаи вилояти Суғд ба анҷом расид.

Ин мусобиқот бо ширкати ҳудуди 100 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор дар толори варзишии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тӯли се рӯз идома кард.

Дар сабқати мардон дар ҳисоби дастаӣ пас аз тими ғолиб – вилояти Суғд дастаи вилояти Хатлон дар ҷои дуввум қарор гирифт. Тими мизбон – шаҳри Душанбе севвум шуд.

Дар сабқати занон низ дастаи вилояти Хатлон баъди тими Суғд мақоми дуввумро касб кард. Дастаи ноҳияи Ҳисор, ки шаҳру навоҳии тобеъи марказро намояндагӣ намуд, севвум шуд.

Инъом Саидов

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Инъом Саидов, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи шумораи 5-и шаҳри Кӯлоб, барои аввалин бор ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гардид. Варзишгарони шаҳри Хуҷанд Хуршед Солеҳбоев ва Афзал Маҳмудов мутаносибан ҷойҳои дуввуму севвумро касб карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни занон Екатерина Ишенкои 17-сола, аз ноҳияи Ҳисор пирӯз шуд. Ӯ, ки донишҷӯи соли аввали факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст, мегӯяд, барои аввалин бор барандаи медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст. Теннисбозони шаҳри Хуҷанд Зулфинисо Саидолимова ҷои дуввум ва Азиза Қориева ҷои севвумро соҳиб шуданд.

Дар сабқати ҷуфти мардона теннисбозони кӯлобӣ Сироҷиддин Исмоилов ва Инъом Саидов пирӯзӣ ба даст оварданд. Варзишгарони шаҳри Хуҷанд Хуршед Солеҳбоев ва Акрам Додобоев дар ҷои дуввум, Афзал Маҳмудов ва Акбар Яҳёев дар ҷои севвум қарор гирифтанд.

Екатерина Ишенко

Сабқати ҷуфти занона бо пирӯзии Зулфинисо Саидолимова ва Зебо Шарифова, ҳарду аз шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Ҳамшаҳриҳояшон Азиза Қориева ва Фарангис Иброҳимова бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд. Сумаяи Амирӣ, аз шаҳри Кӯлоб ва Екатерина Ишенко, аз ноҳияи Ҳисор бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати ҷуфти омехта намояндагони вилояти Суғд Зулфинисо Саидолимова ва Акбар Яҳёев ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Теннисбозони Хатлон Сумаяи Амирӣ ва Сироҷиддин Исмоилов дуввум шуданд. Зебо Шарифова ва Акрам Додобоев, ҳарду аз вилояти Суғд бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Бо ҳамин мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мавсими имсола барои теннисбозони рӯи миз ба анҷом расид.

XS
SM
MD
LG