Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари худ ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳе гаштанд, ки аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудааст.

Раёсати умури дохилаи Бадахшон мегӯяд, шаби 13-уми декабр гурӯҳи силоҳбадастони афғон ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намуда, дар маҳалли Куфоби мавзеъи Зигари ноҳияи Дарвоз ронандагону мусофиронро, ки ин дам дар масири Душанбе-Хоруғ ҳаракат доштанд, мавриди таҳдид ва ғорат қарор доданд.


Сухангӯи Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон Мизроб Доробов гуфт, гурӯҳи силоҳбадастони афғон иборат аз се-чор нафар пеши роҳи ду воситаи нақлиёти мусофирбар ва як Камазро банд карда, ба ҳаво тир холӣ мекунанд ва ҳудуди 20 мусофир ва ронандагонро аз васоити нақлиётӣ берун мекунанд.

Вай гуфт, дар натиҷаи тирхоликунӣ як ронандаи автомобили сабукрав захм бардошта, ронандаи автомобили боркаш лату куб гардидаст ва силоҳбадастон пулу мол ва ҳуҷҷати ронандагонро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ба он тарафи хати марз фирор карданд. Мизроб Доробов гуфт, ронандаи автомашинаи сабукрав Дилбар Назармамадов, сокини ноҳияи Рушон ва ронандаи Камаз – Маҳмадалӣ Валиев, сокини деҳаи Кайнари ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон алҳол дар шифохона табобат мегиранд.

Дар Раёсати корҳои дохилаи Бадахшон гуфтанд, ки ҳодисаҳои убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳрвандони афғон дар маҳалли Зигари ноҳияи Дарвоз ва аз ҷониби онҳо мавриди таҳдид қарор гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон қаблан низ рух додааст.

XS
SM
MD
LG