Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби Боқиев дар интихоботи Қирғизистон пешсаф аст


Бино бар натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонии Қирғизистон, ҳизби тарафдори Қурмонбек Боқиев, "Оқ Жол" дар ин интихобот пешсаф аст.

Дар ҳоли ҳозир, пас аз шумориши беш аз 70 дар сади раъйҳо, ҳизби «Оқ Жол», ки аз раисҷумҳури кунунии Қирғизистон ҳимоя мекунад, ҳудудан нисфи курсиҳои порлумонро соҳиб мешудааст.

Қарор аст, имрӯз, 17 декабр, натоиҷи куллии интихобот расман эълом шаванд. Ва аммо бар пояи натиҷаҳои шумориши 70 %-и баргаҳои раъйдиҳӣ, Кумиссиюни марказии интихобот гуфтааст, бар иловаи ҳизби президент Боқиев, ҳамчунин, ҳизби мухолифи «Ата Мекен»-и собиқ раиси порлумон Омурбек Текебаев низ вориди порлумон шудааст.

Садди панҷфоизаро пас аз шумориши 70 %-и раъҳо танҳо ҳамин ду ҳизб убур кардаанд.

Дар интихоботи рӯзи якшанбеи 16 декабр дар Қирғизистон 12 ҳизб иштирок кардаанд. Нозирони байнулмилал аз Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо гуфтаанд, дар интихобот қонуншиканиҳоеро мушоҳида кардаанд. Мухолифини давлат низ гуфтаанд, дар ҷараёни интихобот ва маъракаи пешазинтихоботӣ тақаллуб ва қонуншиканиҳои зиёде сурат гирифтааст. Александр Торшин, раҳбари гурӯҳи нозирон аз кишварҳои Муштаракулманофеъ гуфтааст, «қонуншиканиҳо дар интихобот мунтазам набудаанд».

XS
SM
MD
LG