Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талафоти нави Толибон дар Мусоқалъа


Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ки сарбозони афғон рӯзи якшанбе, 16 декабр чаҳор ҷангҷӯи Толибро дар наздикии шаҳраки Мусоқалъа куштаанд. Ин шаҳракро ҳафтае пеш нерӯҳои маҳаллӣ бо ҳимояти қувваҳои байналмилалӣ аз тасарруфи ҷангҷӯёни Толиб озод карданд. Мақомоти низомии Афғонистон мегӯянд, ки интизор доранд, Толибон барои ишғоли дубораи шаҳраки Мусоқалъа, ки аз моҳи феврал онро дар ихтиёр доштанд, дигарбора талош хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG