Пайвандҳои дастрасӣ

Замони такмили Бушеҳр маълум нашудааст


Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки ҳеҷ санаи мушаххасе барои такмили нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр, ки аз суи Русия сохта мешавад, таъйин нашудааст. Аммо гуфт сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Муҳаммадалии Ҳусайнӣ кишвараш бовар дорад, ки Русия масъалаи анҷом додани сохтмони нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳрро ҷиддӣ мегирад. Пештар аз ин баёния Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон, бо Сергей Лавров ҳамтои руси худ роҷеъ ба ин тарҳ гуфтӯгу карданд. Давлати Амрико аз Русия хостааст, ки аз бунёди нерӯгоҳи барқи атомии Бушеҳр даст кашад, зеро ба эътиқоди Амрико ин тарҳ низ ҷузъе аз талоши Эрон барои сохти силоҳи атомист.

XS
SM
MD
LG