Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико иддаъои Туркияро рад кард


Давлати Амрико гуфт, ба мақомоти Туркия иҷоза надодааст, ки ба мавқеъҳои ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ ҳамла кунад. Дар ин ҳамла, ки рӯзи якшанбе бо истифода аз 50 ҳавопаймои низомӣ сурат гирифт, дасти кам як нафар зан кушта шудааст. Як мақоми маҳаллӣ дар шимоли Ироқ гуфт, ки 200 хонавода аз рустоҳои Санкасор ва Ҷарова фирор карданд. Пештар аз ин мақомоти Туркия гуфтанд, ки барои анҷоми ин амалиёт иҷозаи давлати Амрикоро гирифта буданд. Муовини вазири умури хориҷаи Ироқ Муҳаммад Ал Ҳаҷҷ Ҳамуд сафири Туркияро ба вазорат эҳзор карда ва аз ӯ хостааст, то Туркия ба ҳамлаҳо ба шимоли Ироқ хотима диҳад.

XS
SM
MD
LG