Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмак ба зойирони фиребхӯрдаи тоҷик


Мақомоти як муассисаи хайрияи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ эълом карданд, ки ба 400 зойири фиребхурдаи тоҷику қирғиз, ки дар роҳи сафар ба Маккаву Мадина дар ин кишвар дармондаанд, кӯмак мекунанд, то ҳаҷҷи худро анҷом диҳанд. Бунёди Шайх Халифа Бин Зайд Ал Наҳйон дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки пули сафар ва иқомати ин зойирон дар Арабистони Саъудиро хоҳад пардохт. Доир ба теъдоди зойирони тоҷик чизе гуфта нашудааст, вале мақомоти бунёди Халифа Бин Зайд гуфтанд, ки созмони онҳо барои зойирони фирефташуда шароити мувофиқи зиёрати Хонаи Худоро фароҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG