Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади нав ба мақоми раёсати ҷумҳури Русия


Сиёсатмадори дигарандеши шӯравии собиқ Владимир Буковский маъракаи пешбарии номзадии худ ба мақоми раиси ҷумҳури Русияро шурӯъ кард. Ба ин хотир вай рӯзи якшанбе дар як осорхонаи хурди Маскав бо тарафдоронаш мулоқот анҷом дод. Бар асоси қонуни Русия, ҳар довталаб барои пешбарии номзадии худ бояд 2 миллион имзои тарафдорони худро ҷамъ оварад. Владимир Буковский хадамоти ҷосусии Русияро муттаҳам кард, ки бо ташкили иҷлоси бузургтаре хостанд, маъракаи интихоботии ӯро баҳам зананд. Гаррӣ Каспаров раҳбари мухолифини Русия рӯзи 13 декабр эълом кард, ки номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳур пешниҳод намекунад, зеро мақомоти давлатӣ дар ин роҳ монеъи талошҳои ӯ шуданд.

XS
SM
MD
LG