Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон доир гардид


Бар тибқи иттилоъи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Қирғизистон, интихоботи имрӯз доиршудаи ғайринавбатӣ ба Жогорку Кенеш, порлумони ин кишвар, доиргардида ҳисобида шуд.
Бо истинод ба ҳамин манбаъ, беш аз 60 дасади интихобкунандагони воҷиди шароити кишвар дар ин интихобот ширкат намуда раъй додаанд. Дар ҳамин ҳол ағлаби нозирони милливу байнулмилалӣ изҳор намуданд, ки интихоботи феълӣ озоду шаффоф ва озод набуд.
Натоиҷи қаблии расмии интихобот қарор аст фардо аз тарафи КМИР-и Қирғизистон эълон шавад.
XS
SM
MD
LG