Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба хонуми амрикоии нопадидшуда виза медиҳад


Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки ба ҳамсари як марди амрикоие, ки зимни сафараш ба Эрон нопадид шудааст, иҷозаи вуруд ба кишвар ва кӯшиши бо роҳи худ пайдо кардани маълумоти марбут ба шавҳарашро медиҳад. Бори охир Роберт Левинсонро моҳи март дар манотиқи ҷанубии Эрон дар як тафреҳгоҳе дидаанд. Вазорат гуфт, ки ба хонум Левинсон раводиди сафар ба Эрон ва иҷозаи бемушкили буду бош дар ин кишвар дода мешавад. Вай мутмаин аст, шавҳараш ҳанӯз дар Эрон мебошад, чунки то имрӯз ҳеҷ нишонае аз исм ва санадҳои вай дар хориҷи ин кишвар ба даст наомадааст.
XS
SM
MD
LG