Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон аз Озарбойҷон далел хостааст


Эрон имрӯз аз Озарбойҷон тақозо кард, далели онро пешниҳод кунад, ки 15 нафар маълумоти марбут ба хиёнат ба ватан ва таҳияи кудаторо ба хадамоти иттиллооти Эрон пешкаш кардаанд. Вазорати амнияти миллии Озарбойҷон рӯзи шанбе гуфт, ки 15 марди муттаҳам ба Эрон маълумоти истихборотиро роҷеъ ба фаъолиятҳои ИМА, Бритониё ва Исроил ироа кардаанд. Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки чунин иттиҳомот беасос буда зуҳуроти хориҷиро дар кӯшиши халалдор кардани "равобити хуби" миёни ду кишвар муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG