Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон


Бино бар иттилоъи КМИР-и Қирғизистон, иштироки интихобкунандагон дар он то соати 12-и рӯз ҳамагӣ 29,27 фоизро ташкил намуд.

Гуфта мешавад, феълан фаъолияти бештари интихобкунандагон дар вилояти Ҷалолобод эҳсос мегардад, ки то ин замон 47,33 дарсади онҳо раъй додаанд. Дар ҳамин ҳол дар вилояти калонтарини кишвар Ош ин нишондод 30,62 фоиз (дар худи шаҳри Ош 27,12 дарсад), дар вилояти Норин – 29,28 фоиз, дар вилояти Чуй – 25,82 дарсад, дар вилояти Боткан 23,81 фоиз, дар вилояти Исиқкӯл – 17,37 дарсад, дар вилояти Талас – 16,19 фоиз ва дар пойтахти кишвар шаҳри Бишкек 22,39 дарсадро ташкил дод.
Бино бар хабари КМИР, дар 2 236 қитъаи интихоботӣ аз 2 685 190 интихобкунандаи кишвар то зӯҳр ҳамагӣ 786 008 нафар раъй додаанд.
Бисёре аз интихобкунандагон ба сабабҳои номаълум натавонистаанд дар он ширкат намоянд. Жиргал Соданбеков, як нафар сокини шаҳри Бишкек, мегӯяд : «Ватандӯстони ҳақиқии Қирғизистон имрӯз дар додгоҳҳо истодаанд, то ба рӯйхати интихобкунандагон ворид карда шаванд. Ба гуфтаи Ж. Соданбеков, ӯ ва ҳамсару писараш бояд имрӯз дар қитъаи № 1196 раъй медоданд, вале онҳо номҳои худро дар рӯйхати интихобкунандагони ин қитъаи интихоботӣ наёфтанд. Аз ин рӯ ӯ маҷбур шудааст, ки барои ворид кардани номаш ба рӯйхати мазкур ба додгоҳи ноҳияи Свердлови пойтахт биёяд. «Танҳо баъди се соат ба ман муяссар шуд, ки қарори дахлдорро дарёфт кунам, – таъкид намуд ӯ. – Ҳоло бошад ман дар интизори дарёфти чунин қарорҳои додгоҳ барои аҳли байтам мебошам».
Жиргал ба қатори тақрибан 50-нафарии одамон ишора карда, шарҳ медиҳад, ки мушкили онҳо ҳам чунин аст: «Инро ҳам бояд бигӯям, ки одамони бисёри дигар, интизории тӯлониро таҳаммул накарда, ба хонаҳояшон баргаштанро авлотар донистанд».
Дар ҳамин ҳол коргардони машҳури кишвар Абдрашид Байтимиров ҳам изҳори дарду норозигӣ кард, ки дафъаи дувум аст кумисюни минтақавии интихоботӣ ба номи писари марҳуми ӯ даъватномаи ширкат дар интихобот мефиристад.
Интихоботи порлумонии Қирғизистон дар соати расо 20 ба вақти маҳаллӣ анҷом хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG