Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи Қирғизистон 30% иштирок карданд


Имрӯз дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ ҷараён дорад. Тибқи иттилои Камиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон, то нисфирӯзӣ 786 ҳазор нафар, наздики 30 % раъйдиҳандагон дар интихобот иштирок кардаанд. Интизор меравад, ки раъйи бештари мардумро барои дарёфти ҳақи узвият дар парлумон ҳизби "Оқ Ҷӯл"-и раиси ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев, Ҳизби сотсиал-демократи нахуствазири собиқ Алмос Отамбоев ва ҳизби "Отамакон"-и раиси собиқи парлумон Омурбек Текебоев ба даст хоҳанд овард. Аҳзоби мухолифин Боқиевро дар кӯшиши тақаллуби натиҷаҳои раъйдиҳӣ муттаҳам мекунанд, ки ба қавли онҳо, барои ба парлумон роҳ наёфтани рақибонаш ба ин амал даст хоҳад зад. Отамбоев имрӯз гуфт, ки ҷараёни овоздиҳӣ "ифлосу пуртавтеа" мегузарад. Бахши қирғизии радиои Озодӣ аз қавли сиёсатмадорони маҳаллӣ гузориш медиҳад, ки дар манотиқи мухталифи кишвар ҳодисаҳои тақаллуби баргаҳо ба манфиати ҳизби "Оқ Ҷӯл" мушоҳида шудааст. Дар маҷмӯъ, дар интихоботи имрӯзаи Қирғизистон 12 ҳизб ширкат мекунанд, аммо 9 ҳизби боқимонда шонси кам доранд, ки ба парлумони иборат аз 90 курсӣ роҳ ёбанд.
XS
SM
MD
LG