Пайвандҳои дастрасӣ

Суъолҳои ба ҷой гузоштаи конфронси Балӣ


Рачмат Витоелар, раисикунандаи конфронси Балӣ, дар нишасти матбуъотӣ мушавваш ба назар мерасид.

Рачмат Витоелар, раисикунандаи конфронси Балӣ, дар нишасти матбуъотӣ мушавваш ба назар мерасид.

Дар шаҳри Балии Индонезӣ конфронси муҳити зисти СММ бо қабули аҳднома ҷиҳати то соли 2009 аз тағйироти иқлими сайёра ҷилавгирӣ кардан анҷом ёфт.

Нақшаи нави роҳандозии гуфтушунидҳо баъди он пазируфта шуд, ки ИМА тасмими пешинаи худро барои радди қабули чунин созиш бознигарӣ кард. Қарордоди нав бояд баъди анҷоми муҳлати амали Протоколи Киото дар охири соли 2012 ҷанбаи амалиро касб кунад.
Раҳбари ҳайъати ИМА муовини вазири хориҷаи ин кишвар Паола Добрянски изҳор намуд, ки Вашингтон ҳоло дигар намехоҳад садди роҳи ин санад бошад. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Ман фикр мекунам, ки мо то ин лаҳза роҳи дарозеро тай кардем. Амалан ИМА ба тааҳҳудоти худ пойбанд аст, ва танҳо хоҳиши мо ин аст, ки мутмаин бошем ҳамаи мо якҷоя амал хоҳем кард. Мо бо ҳамроҳшавӣ ба созиши имрӯза ба пеш ҳаракат хоҳем».
Конфронси дуҳафтаинаи Балӣ бо сабаби мавҷудияти мухолифатҳо бар сари мизони таъйини партобҳои газҳои гулхонаӣ вориди бумбаст гардид. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ишора намуд, ки вай ҳанӯз чанд рӯз пеш ҷиҳати адами пешрафт дар конфронс аз он ноумед шуда буд. Ба гуфти ӯ, аз ҳамин хотир вай аз ҷонибҳо хост, ки барои қабули аҳдномае дар заминаи роҳандозии ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим ба идомаи музокирот иқдом кунанд. Оқои Мун дар конфронс аз ҷумла изҳор дошт: «Аз фурсат истифода кунед – аз фурсате, ки барои беҳбудии тамоми башар нигаронида шудааст. Мо дар як чорраҳае қарор дорем, ки як ҷоддааш ба сӯи қабули созишномаи нави ҷаҳонии муҳити зист ҳидоят мекунаду дигаре ба самти хиёнати сайёраву фарзандони мо мебарад. Шумо бояд яке аз ин роҳҳоро интихоб кунед».
Дар ҳамин ҳол ҳайъати муҳитзистии СММ дар кул ба ин ақида буд, ки гармшавии иқлим ҳосили фаъолиятҳои инсон, пеш аз ҳама рушди саноатии давлатҳои ҷаҳон, мебошад. «Харитаи роҳи Балӣ» – санаде, ки дар фарҷоми нишасти СММ қабул шуд, – шурӯъи музокироти дусоларо барои таъйини мизони коҳиши партобҳои газҳои гулхонаӣ дар назар мегирад, ки баъдан дар шакли қарордоди нав ба дунболи протоколи Киото амал хоҳад кард.
Дар аҳдномаи нав – ба фарқ аз протоколи Киото – ИМА, Чин ва Ҳинд ба унвони қудратҳои иқтисодии ҷаҳонӣ шомил хоҳанд шуд. Дар тавофуқномаи «Харитаи роҳи Балӣ» мушкилоти мисли коҳиши партобҳо, интиқоли фанновариҳои покиза ба кишварҳои дар ҳоли рушд, ҷилавгирӣ аз коҳиши ҷангалзорҳо, мусоидат ба давлатҳои нодори ҷаҳон дар ҳимояи иқтисоди кишварашон аз болоравии сатҳи баҳр ва хушкшавии замин ба маърази баҳсу баррасиҳо гузошта мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки як мақоми фаронсавӣ, ҳарчанд ин паймонро қадаме ба пеш унвон кард, натоиҷи онро аз он, ки Аврупо интизор дошт, ба маротиб камтар арзёбӣ намуд. Иттиҳоди Аврупо хоҳони то соли 2020 аз 25 то 40 дарсад коҳиш додани мизони партоби газҳо аз тарафи кишварҳои санъатии ҷаҳонро тақозо дошт.
Бо ин ҳама протоколи Киото, ки соли 1997 қабул ва аз ҷониби 37 давлати санъатии ҷаҳон имзо шудааст, коҳиши 5-дарсадаи партоби газҳои гулхонаиро дар солҳои 2008 – 2012 дар назар дорад. Аммо ин паймон аз ҷониби ИМА, бузургтарин тавлидкунандаи чунин навъи газҳо, рад шудааст.
XS
SM
MD
LG