Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамос 20-солагии таъсисашро ҷашн гирифт


Даҳҳо ҳазор тарафдорони гурӯҳи исломии Ҳамос имрӯз дар шаҳри Ғазза дар маросими бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси ин ҷиноҳ раҳпаймоӣ карданд. Ташкилкунандаҳои ин ҳамоиш гуфтанд, ки аз июн, замони аз дасти раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос таҳти назари Ҳамос гузаштани минтақаи Ғазза ин бузургтарин ҳамоишест, ки дойир мешавад. Дар пайи ин, Исроил ҳама роҳҳоро ба самти Ғазза масдуд кард ва танҳо роҳи интиқоли кӯмакҳои башариро, ки барои сокинони ин шаҳраки фаластинӣ ҳаётан заруранд, боз нигаҳ медорад. Гурӯҳи Ҳамос аз нигоҳи Исроил, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо чун як ташаккули террористӣ арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG