Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тачи: "Истиқлолияти Косово кори чанд ҳафта аст"


Ҳошим Тачи, нахуствазири ояндаи Косово гуфт, ки эълони истиқлолияти Косово масъалаест, ки дар ҳафтаҳо ҳал хоҳад шуд. Дар мусоҳибаи рӯзи шанбеаш бо нашрияи булғории "Труд" Тачи такрор кард, ки ҳама таҳаввулот дар ин замина дар ҳамоҳангӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА сурат хоҳад гирифт. Вай инчунин гуфт, ки дар кори худ талош хоҳад кард, ба аққалиятҳои серби вилояташ дар ҳамзистӣ бо аксарияти албаниҳо мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG