Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз барномаҳои зиддимушакии Ғарб ноумед аст


Як мақоми русӣ рӯзи шанбе аз барномаҳои Амрико барои истиқрори сипари зиддимушакиаш дар Аврупо изҳори ноумедӣ кард ва гуфт, ки ин амал боиси он мешавд, ки Маскав дар андешаи тадбирҳои амниятии худ бошад. Сергей Кисляк, муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, ки бо вуҷуди ин, баъди беруншавии Маскав аз Паймони аслиҳаи маъмулӣ дар Аврупо, ин кишвар ният надорад, ки шумори нирӯҳояшро фавқулодда афзоиш диҳад.

"Русия дар нақша надорад, ки нирӯҳои худро ба таври фавқулодда афзоиш диҳад, то ки ин амалаш боиси эҷоди хатар ба кадом як давлати дигар шавад. Аммо дар айни замон мо хеле боэҳтиёт аз он чи ки дар атрофи марзҳои Федератсиюни Русия мегузарад, назорат хоҳем кард".

Вай гуфт, ки иқдоми Маскав маънои онро надорад, ки Русия музокироти амниятии худро бо Ғарб хотима медиҳад.

XS
SM
MD
LG