Пайвандҳои дастрасӣ

Зюганов номзади интихоботи президентии Русия шуд


Геннадий Зюганов, раҳбари коммунистҳои Русия рӯзи шанбе номзадии худро ба интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар пешбарӣ кард. Интихоботи президентии Русия 2 марти соли 2008 доир мешавад. Зимни суханронии пешазинтихоботиаш дар анҷумани ҳизбии Маскав Зюганов мақомоти Кремлинро дар эҷоди мушкилоти зиёди сиёсӣ айбдор карда гуфт, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии ахир ъа тақаллубкориҳои зиёд роҳ дода шуд. Қаблан ҳам Зюганов ду дафъа барои курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза бурдааст.

XS
SM
MD
LG