Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавҳаи ёдбуди сарбозони қазоқ дар Душанбе


Имрӯз дар боғи Дӯстии халқҳо дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба ёдбуди сарбозони қазоқ, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Афғонистон ба ҳалокат расида буданд (50 нафар), лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.
Дар лавҳи ёдгорӣ, ки дар шакли як китоби бузурги сангин офарида шудааст, асомии ин аскарон навишта шудааст.
Дар ҳоле, ки як қисми таҳлилгарону коршиносони тоҷик ҳузури сарбозони қазоқро, чун дигар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои минтақа, дар он солҳо дар Тоҷикистон зарур меҳисобанд, як иддаи таҳлилгарону коршиносон ҳузури ин нерӯҳо дар ин кишварро на ҳамеша мусбат арзёбӣ менамоянд.
Дар маросими ифтитоҳи лавҳаи ёдгорӣ намояндагони мақомоти ҳукуматҳои Тоҷикистону Қазоқистон низ ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG