Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Мушарраф ва шакки мухолифин


Рӯзи шанбе раиси ҷумҳурии Покистон Парвиз Мушарраф вазъияти фавқулоддаи кишварро, ки тайи шаш ҳафтаи ахир идома дошт, бекор кард. Мушарраф моҳи гузашта дар саросари кишвар ҳолати изтирориро ҷорӣ карда фаъолияти Қонуни асосиро боздошт ва гуфт, ки ин иқдоми вай бо сабаби болоравии хатароти тундгароӣ дар Покистон гирифта мешавад. Аммо ин амали вай бо танқидҳои шадиди ҷомеаи байналмилалӣ рӯбарӯ шуд. Аксар мухолифин амалкарди Мушаррафро чун талоше барои ҷилавгирии Додгоҳи олии кишвар аз ғайриқонунӣ ҳисобидани интихоби дубораи вай ба мақоми раёсатҷумҳурӣ чун фармондеҳи аршади артиши кишвар арзёбӣ карданд. Дар муроҷиат ба сокинони кишвараш вай имрӯз гуфт, ки ҷорисозии вазъияти изтирорӣ дар кишвар ба хотири ҷилавгирии кишвар аз харобшавӣ буд. Вай гуфт, ки гурӯҳи афроде дар андешаи ба ҳам задани вазъи кишвар буданд, ва дар миёни онҳо кормандони сохтори додгустарӣ ҳам мебошанд. Собиқ нахуствазири кишвар Беназир Бҳутто бекоршавии низоми изтиророро дар пешорӯи интихобот қадами аввал дониста гуфт, ки ҳизби вай ҳамоно шак дорад, ки интихоботи 8 январ бидуни тақаллубкорӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG