Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон:Шикояти мухолифон аз қонуни интихоботӣ


Дар остонаи интихоботи порламонии 16-уми декабр дар Қирғизистон ҳизбҳои мухолиф мақомоти давлатиро муттаҳам кардаанд, ки онҳо қонунҳои нави интихоботӣ дуруст кардаанд, то ҳизбҳои мухолиф ба порламон роҳ наёбанд. Тибқи қонуни нави интихоботӣ ҳизбҳои сиёсӣ бояд панҷ дарсади райи интихобкунандагонро ба даст оранд, то ба порламон роҳ ёбанд. Илова бар ин онҳо дар ҳар ҳафт минтақа ва ду шаҳри бузурги кишвар бояд на камтар аз ним дарсади ороро аз они худ кунанд.
XS
SM
MD
LG