Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти ниҳоии Иттиҳоди Аврупо барои Косово


Нишасти Иттҳоди Аврупо дар Бруксел, 14 декабри 2007

Нишасти Иттҳоди Аврупо дар Бруксел, 14 декабри 2007

Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар Бруксел аҳд карданд, ки дар мавриди эътирофи истиқлолияти вилояти ҷудоиталаби Косово аз як мавзеъи муштарак амал кунанд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки баробари расидан ба Бруксел бо хабарнигорон сӯҳбат намуд, таҳияи як дидгоҳи воҳид дар масъалаи Косоворо муҳим хонд ва гуфт, муҳимтарин ҷанбаи масъала ин аст, ки Аврупо аз ин ба баъд муштаракан иқдом кунад. Вай афзуд, мо хостори як қарори муносибем ва ҳамчунин мехоҳем ин паёмро ба Сербия бифиристем, ки мо ба як Сербияи босубот зарурат дорем ва ин аст, ки баҳси Балкан имрӯз мавриди таваҷӯҳ қарор гирифтааст. Вай гуфт, ман умедворам, ки Аврупо қодир ҳаст, ки худро дар ин масъала муттаҳид ва дунболгири ҳадафҳои муштарак нишон диҳад.

Ва аммо вазири хориҷаи Сербия Вук Йеремич гуфтааст, Белград ба ҳеҷ сурат ба истиқлолияти Косово дар ивази вуруди зудтари Сербия ба ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо розӣ нахоҳад шуд.

Вилояти умдатан албанинишини Косово ба дунболи як ҷанги кӯтоҳ бо нерӯҳои Сербия аз соли 1999 ба ин сӯ таҳти маъмурияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, вале то кунун музокирот перомуни сарнавишти ин вилоят, ки мехоҳад аз Сербия ҷудо шавад, ба натиҷае нарасидааст. Акнун ки мӯҳлати ниҳоии таъйиншуда барои ин музокирот ва бидуни ҳеҷ тавофуқ ба поён омад, интизор меравад, ки Косово истиқлолияташро эълон кунад.

Ҳазорон албанитаборони Косово бо талаби истиқлолият ба майдонҳо баромадаанд

Фатмир Саидию, раисҷумҳури вилояти ҷудоиталаби Косово, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ҳанӯз кадом таърихи рӯзи мушаххасе барои эълони истиқлолияти Косово таъйин нашудааст, вале, афзуд ӯ, фикр мекунад, ба дунболи баррасии масъала дар иҷлоси Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки қарор аст рӯзи 19 декабр доир шавад, метавон умедвори таҳаввулоти бештаре дар ин замина шуд.


Вай аз ҷумла гуфт, Косово музокироти изофиро қабул нахоҳад кард. Мо гуфта будем, ки ҷараёни музокирот ба поён омад ва дар ин маврид, набояд даври наве, ки Сербия мехоҳад ва баъзе кишварҳо ҷонибдорӣ мекунанд, гирифта шуда, ҷараёни музокирот аз сар гирифта шавад. Мо наметавонем вобастаи танҳо хости касе бошем ва музокиротро то замони расидан ба тавофуқ давом диҳему давом диҳем, афзуд ӯ.

Бахши аъзами кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо моиланд, истиқлолияти Косоворо бишиносанд, илло Қибрис, ки қисмати шимолӣ ва умдатан туркнишинаш аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба ин сӯ низ худро аз соъири Қибрис мустақил ва ҷудо эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG