Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко: Иттиҳоди Руссияву Белорус баррасӣ намешавад


Имруз Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия бо Александр Лукашенко-ҳамтои Белоруси худ дар Минск ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ин сару садоҳо дар гардиш буд, ки мумкин аст ин ду раҳбар барномаи аз муддатҳо мавқуфгузоштаи худ, яъне ташкили иттиҳоди Руссияву Белорусро баррасӣ кунанд ва Путин баъд аз интихоботи моҳи марти Руссия раҳбарии ин иттиҳодро бар уҳда бигирад. Аммо Лукашенко ба хабарнигорон дар ин бора изҳори таъаҷҷуб кард:
"Ман таъаҷҷуб мекунам, ки ин боздиди расмӣ дар ғарб ин гуна сару садоҳо ба бор овардааст. Ман мехоҳам ошкоро бигуям, ки дар ин ҷо комилан зермаъноҳои сиёсӣ вуҷуд надорад. Мо ба унвони кишварҳои муттаҳид бо ҳам мулоқот мекунем. Ҷои таъаҷҷуб метавонист ин бошад, ки агар раиси ҷумҳури Руссия аз Минск боздиди расмӣ ба амал намеовард".
Путин шоми дируз вориди Минск шуд. Дар оғози ин боздид нируҳои мухолифи давлат бар зидди боздиди мазкур даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд ва пулис ин тазоҳуротро пароканда кард.
XS
SM
MD
LG