Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии сарнавишти Косово дар Иттиҳодияи Аврупо


Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мулоқоте дар Бруксел тадобиреро баррасӣ мекунанд, то дар чаҳорчубаи он вилояти Косово битавонад ба суи истиқлолият аз Сербистон пеш биравад. Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ба рузноманигорон гуфт, бархурди умумӣ ба масъалаи Косово яксоннест. Аз суи дигар Вук Еремич-вазири хориҷаи Сербистон имруз гуфт, ки Сербистон ҳеҷ гоҳ ризоят нахоҳад дод, ки Косоворо дар ивази узвият дар Иттиҳодияи Аврупо таслим кунад. Аксари кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мехоҳанд, ки Косово ба кишвари мустақил табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG