Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Б.Бобохонов: Додситонӣ ягона ниҳоди бидуни фасод аст


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов
Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов

Дар остонаи 83-юмин солгарди мақомоти додситонӣ дар Тоҷикистон кормандони ин ниҳод аз афзоиши мизони кашфи ҷиноёт ва коҳиши шумори ҷиноятҳои сангин иттилоъ медиҳанд.

Дар зарфи нӯҳ моҳи аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор ҷинояти вазнин, аз он миён 118 ҳодисаи қатли инсон, 44 мавриди роҳзанӣ ва 47 ҷиноят бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2006 беш аз 5 дар сад кам будааст. Гузашта аз ин, ба қавли додситони кулл Бобоҷон Бобохонов, мақомоти додситонӣ аз камтарин ва шояд ягона ниҳоди давлатист, ки даст доштани кормандонаш дар ҷиноёт, бавижа дар ришвату фасод, мушоҳида нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки иддае аз созмонҳои байнулмилалӣ ва коршиносони тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон ришвату фасод хеле рушд кардааст ва мақомоти додситонӣ низ аз ниҳодҳои бештар фасодзадаи ин кишвар будааст. Амният Абдулназаров, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, дар зеҳни ҷавонони имрӯз чунин ақида нақш бастааст, ки додситонӣ як манбаъи хуби ба истилоҳ, «даромади пулӣ» аст ва аз ин хотир, ин мақомот аз камбуди «кадр» мушкил намекашад. Ба гуфтаи оқои Абдулназаров, феълан маоши омӯзгор, барои мисол, бештар аз маоши додситон аст, аммо дар мактабҳои кишвар 8 ҳазор муаллим намерасад. Вай афзуд, «он хонаҳои сеошёнаву мошинҳое, ки қиматашон даҳҳо ҳазор доллар аст, ин гувоҳи фасодии ҳукумати кунунӣ аст. Додситонӣ бояд аввалан сафи кормандони худро тоза бикунад, вақте маоши онҳо 300 сомонисту мошинашон ҳазорҳо доллар нарх дорад, ин ҳама аз куҷост? Вале чаро нафаре, ки ҳатто дар созмонҳои хориҷӣ кор мекунаду 400 доллар маош мегирад, наметавонад мошин бихарад, хона бисозад?! Ин ҳама гувоҳи вуҷуди ришватситонӣ дар мақомот аст».

Дар воқеъ, ҳақмузди миёнаи додситонҳои Тоҷикистон, ҳарчанд ифшо намешавад, аммо маълум аст, ки камтар аз кормандони, масалан, Оҷонси зидди фасод мебошад. Маъмулан, додситонҳо аз камии моҳонаашон шикоят намебаранд, гарчанде ду соли пеш худи додситони кулл Бобоҷон Бобохонов иқрор карда буд, ки ҳақмузди миёнаи кормандони додситонӣ ҳамагӣ аз 60 то 110 сомониро ташкил медиҳад. Ва аммо хабарнигорони нуктасанҷ ҳамоно аз додситон суол карданд, ки пас чи гуна ба кормандони додситонии кулл даст медиҳад, ки бо ин маоши ночиз сабукравҳои хориҷӣ ва гаронбаҳо бихаранду манзили болохонадор бисозанд? Оқои Бобохонов низ дар посух душворӣ накашид.

Вай гуфт, «бо маоши мо харидани мошини хориҷӣ ғайриимкон аст. Аммо агар мо кашф бикунем, ки касе аз кормандони додситонӣ ба тиҷорат ё дигар умури даромаднок машғул аст, ӯ набояд дар мақомоти мо кор бикунад. Вале кормандони мо хешу ақрабое доранд, ки эҳтимол муҳоҷири меҳнатӣ ва ё шахсони доро ҳастанд ва ба онҳо кӯмаки молӣ мерасонанд. Аммо ин ҳама мошинҳои гароннархе, ки дар атрофи бинои додситонии кулл мебинед, моли кормандони мо нест, онҳо меҳмон ҳастанд. Рост бояд бигӯям, ки бас мушкил аст бо ҳақмузди мо мошин харидан, ҳатто берун аз имкон аст ин».

Гурӯҳе дигар аз коршиносон мегӯянд, агарчанде дар замони низоъҳои ҳамватанӣ нуфузи вазорати умури дохила дар кишвар бартар аз ниҳодҳои дигар буд, аммо дар чанд соли ахир мақомоти додситонӣ тавонист мавқеъи ин вазоратро танг ва нуфузи худро биафзояд. То чаҳор соли пеш кам касе бар ин бовар буд, ки ҳабс ва ба зиндон андохтани генералҳои шинохта мисли Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимов имконпазир аст, аммо додситонии кулл чеҳраҳои зиёди сиёсиву низомии кишварро тавонист равонаи зиндон бикунад. Ҳамакнун мансабдорону тоҷирон ва ҳар шаҳрванд медонад, ки додситонии Тоҷикистон ба ҳар коре қодир аст.

Ҳуриниссо Ғаффорзода, раиси созмони ғайриҳуқуқии "Оштии миллӣ"

Ҳуриннисо Ғаффорзода, раиси созмони ғайриҳукуматии «Оштии миллӣ», гуфт, бо ин ҳама мақомоти додситонӣ дар зеҳни мардум чун як ниҳоди қудратии тавонманд нақш бастааст. Вай афзуд, салоҳиятҳои додситонӣ ба ҳадде афзун аст, ки вай метавонад, бавосита ё мустақим ба кори ҳатто додгоҳ мудохила бикунад, додгоҳе, ки тибқи Қонуни асосии кишвар ҳокимияти мустақил мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар дигар давлатҳо роли додгоҳҳо аз ҳама болост дар ҳифзи ҳуқуқҳо. Аммо дар Тоҷикистон бештар қудрат дар дасти прокуратура аст. Ва яке аз сабабҳои аслии пеш нарафтани кори додгоҳҳои мо ин аст, ки бештари салоҳиятҳо ба мақомоти додситонӣ дода шудааст. Вуҷуди додситонӣ бас муҳим аст, аммо ин ниҳод ба ислоҳоти сохторие ниёз дорад, он ба стандартҳои ҷаҳони муосир мувофиқ корашро бояд ба роҳ монад. Ва дар ин рӯз додситонӣ ба як мақомоти солҳои 1937 ба назари банда мерасад, ки он дар дили мардум тарсу ҳаросро бавуҷуд меорад.

Ва аммо кормандони мақомоти додситонӣ бар ин назаранд, ки эътимоди мардум ба ин ниҳод афзун шудааст ва далели ин иддао ин аст, ки шаҳрвандон дар қиёс бо додгоҳ ва мақомоти дигари интизомӣ бештар ба додситонӣ муроҷиат мекунанд. Бо ин вуҷуд ки коршиносону таҳлилгарон аз фаъолияти мақомоти додситонии Тоҷикистон гоҳе интиқоду эътироз мекунанд, аксар аз хабарнигорони тоҷик бар ин назаранд, ки додситонӣ яке аз камтарин ниҳодҳои қудратист, ки барои онҳо дарҳои боз аст ва дарёфти иттилоъ аз ин манбаъ нисбатан осон аст.

Ёдрас мекунем, мақомоти додситонӣ ҳанӯз дар ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 таъсис дода шуда, имрӯз дар он наздики ҳазор нафар фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG