Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳои яккатоз ва сиёсати кадрии онҳо


Ба ақидаи бештари коршиносон, сиёсати кадрӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна ҳамсонанд, чунки ин сиёсатҳо аз ҷониби танҳо раисҷумҳуриҳо пиёда мешаванд.

Дар ин робита сиёсатшинос Айдос Саримов гуфт, таври маълум сиёсати кадрӣ дар минтақа қабл аз ҳама аз рӯи садоқат ва вафодорӣ пиёда мегардад, яъне раисони ҷумҳурии кишварҳо наздикон ва атрофиёни хешро аз ҷумлаи намояндагони аҳзоби ҳоким, ки онҳо ба он сарварӣ менамоянд, интихоб мекунанд ва дар ҳама ҷой ин тарзи кор ҳукмрон аст. Яъне шахс бояд вафодор ба раисҷумҳур бошад ва ҳар воқеае ҳам рух бидиҳад, бояд вай бо раисҷумҳур бимонад.

Ҷой доштани чунин воқеиятро Амирҷон Косанов, ки худ нимаи дуюми солҳои 90 дар ҳукумат кор карда баъд ба мухолифат пайвастааст, низ таъйид мекунад. Ба андешаи вай то солҳои 1995 дар Қазоқистон ба ҷуз президент дигар ниҳодҳои ҳокимият ва парлумон низ дар ҷомеъа нақш доштанд ва Н. Назарбоев, раисҷумҳури кишвар бисёр корҳоро бо машварати онон анҷом медод. Вале баъдан вай тамоми зимоми қудратро ба даст гирифт ва дар натиҷа ин боиси ба ҳукумат ва идораи давлатӣ таъсир расонидани атрофиёни раисҷумҳур ва ҳатто хонаводаи вай гардид. Оқои Косанов чун мисол ба мансаб расидани домодҳои раисҷумҳур ва нақши духтараш Дарига Назарбоеваро, ки ҳамроҳ бо шавҳари собиқаш Роҳат Алиев аглаби расонаҳои гурӯҳиро зери даст оварда буд, мисол меорад.

Вале сиёсатшиноси дигари қазоқ Досим Сатпаев бар ин назар аст, ки дар ҳар сурат сиёсати кадрӣ дар Қазоқистон назар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бади бад нест. Инро, ба таъкиди оқои Сатпаев, метавон дар мисоли он, ки дар ин кишвар маснадҳои давлатиро дар сатҳи баланд ашхоси ҷавон бар ӯҳда доранд, таъйид намуд. Ин кор, яъне ҷалби ҷавонон ба идоракунии давлат, ба андешаи Досим Сатпаев, ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлолият оғоз гардида буд. Бо ин мақсад гурӯҳи ҷавонон, мисли Ораз Ҷандосов, Галимҷон Жакиянов, Мухтор Аблязов, Олтинбек Сарсенбоев ва даҳҳо нафари дигар, ки синнашон атрофи 30 буд, ба мансабҳои давлатӣ пазируфта шуданд .

Ва аз ин хотир, ба таъкиди Досим Сатпаев, модел ё намунаи иқтисодии Қазоқистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи

Раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов

Марказӣ комёбиҳои муайянеро ба даст овард. Вале сиёсатшинос низ дар Қазоқистон ғолибан бо роҳҳои шиносбозӣ ба мансабҳои давлатӣ пазируфтани одамонро рад намекунад. Дар ин робита вазъ дар дигар кишварҳои минтақа низ бадтар асту беҳтар нест. Фақат алъон тафовут дар Қирғизистон ба мушоҳида мерасад. Зеро дар ин ҷо системаи нави ҳокимият акнун ташаккул меёбад ва кадрҳои нав ба ҳокимият ҳамроҳ мешаванд. Вале чунин ҷунбиши кадриро, ба гуфтаи сиёсатшинос, дар дигар кишварҳоои Осиёи Марказӣ наметавон мушоҳида кард.

Дар дигар кишварҳои минтақа мисли Туркманистону Ӯзбакистон умуман чунин ҷунбиш вуҷуд надорад ва ё чун дар Тоҷикистон басо суст ҷараён дорад. Аз сӯи дигар, ба таъкиди сиёсатшинос, ҳарчанд дар Қирғизистон системаи нави ҳокимият арзи вуҷуд мекунад, вале алъон он чизе, ки ба мушоҳида мерасад, ҳангоми ҳалли масоили кадрӣ бартарӣ додан ба омили минтақа аст ва Қурмонбек Боқиев, ки худ аз ҷануби кишвар аст, бештар ба мансабҳо одамонро аз ҳамин минтақа таъин менамояд ва чунин тарзи коргирӣ дар масоили кадрӣ ба ҷуз Қазоқистон анқариб дар ҳамаи дигар кишварҳои минтақа ва ҳатто ба маротиб бештар аз Қирғизистон ба мушоҳида мерасад.

Вале ба андешаи сиёсатшинос Айдос Саримов чун дар ин масъала накши асосӣ на шоистсолорӣ, балки ҳадафҳои моливу вафодорӣ ба як шахс аст, чӣ гуна метавон кадрҳои лоиқу арзандаро ба мансабҳои давлатӣ таин намуд. Вай афзуд, чун сухан дар бораи садоқату вафодорӣ ба шахс меравад, наметавон аз шоистасолорӣ ёдовар шуд. Мо мебинем, ки 50 дарсади вазироне, ки таъин мешаванд, дар тасаввури ман на танҳо як вазорат ё риштаро, балки як ноҳияро лаёқати сарварӣ надоранд, чӣ расад ба вазорат ва вилоят. Мо чунин мисолро ҳам дар Узбакистону Туркманистон ва дигар кишварҳо мушоҳида мекунем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин сиёсати кадрӣ, ки дар минтақа ба мушоҳида мерасад ва он танҳо аз ҷониби як нафар пиёда мегардад, барои ҷомеъа паёмадҳои басо номатлуб дорад. Қабл аз ҳама он, ба гуфтаи Амирҷон Косанов, муъовини раиси Ҳизби сотсиал демократии Қазоқистон, дар ҷомеъа фасодро тақвият мебахшад. Ба Вай афзуд, вақте як мансабдор бо дастгирии мансабдори дигари болонишин ба зинаҳои болои мансаб мерасад ва вай фақат ба он мансабдори болонишин тобеъ асту такдираш ба он марбут ва ҳама кор пинҳонӣ дар дафтарҳои ороми Остона ҳал мегарданд, ҳамаи ин ногузир ба фасод меоварад.

Айдос Саримов бошад, дар ин робита таҷрибаи талхи Аскар Оқоев, раисҷумҳури собиқи Қирғизистонро ба ёд меорад. Ба гуфтаи вай, маҳз фасод ва сиёсати нодурусти кадрӣ ва ба идоракунии давлат ҷалб гардидани аҳли хонаводаи раисҷумҳури собиқ боиси аз байн рафтани ҳокимияти Аскар Оқоев гардид ва ин бояд барои дигар кишварҳо дарс бошад. Айдос Саримов ҳушдор медиҳад, ки агар чунин муносибат дар масоили кадрӣ дар дигар кишварҳо боқӣ бимонад, вазъ аз Қирғизистон ҳам бадтар хоҳад гардид ва ҳатто он боиси аз байн рафтани кишварҳо ва ё таҷзияи онҳо хоҳад шуд.

Вале чи бояд кард, ки аз чунин окибати ногувор ҷилавгирӣ намуд ва сиёсати кадрӣ дар кишварҳои минтақа, ба истилоҳ, ба суди мардуму ҷомеъа амалӣ гардад. Айдос Саримов чунин роҳро танҳо дар тақвияти демократия мебинад ва ба андешаи вай сиёсати кадрӣ дар маҷмӯъ ба дигар шохаҳои ҳокимият сахт бастагӣ дорад ва онро наметавон дар алоҳидагӣ ҳаллу фасл намуд. Вай афзуд, то он замоне, ки ҳокимият ба ҷомеъа, шаҳрвандон ва интихобкунандагон вобаста набошад, ва то он замоне, ки ҳокимиятдар ҳамаи сатҳҳояш ҳар сари чанд вақт интихоб нашавад, то он даме, ки аҳзоби миллии нерӯманд пайдо нагарданд ва то он лаҳзае, ки расонаҳои озоду мустакил арзи вуҷуд накунанд ва онон рӯйдодҳоро воқеъбинона инъикос насозанд ва бар пояи ҳамаи ин системаи дурусти интихобот ва парлумони воқеӣ пайдо нашаванд, мушкилоти бисёри ин кишварҳо боз ҳам бештар ва вазъ боз ҳам бадтар мегардад.

Ба таъкиди ҳамсӯҳбатони мо, рушди демократия сиёсати кадрӣ барин масъаларо низ рӯи об мебарорад ва чун ҳокимият ба шарофати демократия ва пояҳои он комилан ба дасти на шахси алоҳида, балки мардум мегузарад, дар он маврид дар идоракунии давлат низ кадрҳои лоиқу арзанда ширкат хоҳанд кард ва воқиан дар ҷомеъа шоистасолорӣ меъёри асосии ба мансабҳо гузидан ё таъин кардани одамон хоҳад гардид.

XS
SM
MD
LG