Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони бонкҳои ҷаҳонӣ


Тавре рӯзномаи бонуфузи бритониёии “Гардиан” навиштааст, бӯҳрони бонкҳои ихтисосдиҳандаи қарз барои харидани манзил, ки чанд моҳ пеш дар ИМА оғоз шуд, ҳоло мисли маризии гангрена ба тамоми системаи молии саросарӣ сироят мекунад.

Ҳадаф аз тадобирҳои муштарак, ки дар бораи онҳо бонкҳои марказии баъзе кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон эълон намудаанд, пеш аз ҳама мутаваққиф кардани ин маризӣ ва бозгардондани боварии мардум ба низоми бонкӣ аст.

Дар ҳафтаҳои наздик бонкҳои марказӣ дар ихтиёри бонкҳои тиҷоратии ҷаҳон даҳҳо миллиард доллар ба таври нақд ва ё замонатпулиҳоро бо нархи арзон хоҳанд гузошт. Ин бонкҳо дар навбати худ ин маблағро ба муштариён пешниҳод мекунанд. Агар мухтасар бигӯем иқтисоди ҷаҳонӣ бо пули насияшуда фаъолият мекунад.

Бузургтарин ширкатҳо барои фаъолияти ҳамарузаашон ва бурдани тиҷорати байналмилалӣ ба вомҳои бонкӣ ниёз доранд.

Ашхоси ҷудогона вомҳоро барои харидани манзилҳояшон истифода мебаранд. Миллионҳо одамон дар саросари сайёра харидҳои ҳаррузаашонро бо истифода аз кортҳои бонкӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи ин низом ба гардиши озоди пул ва эътиқод ба низом вобастагӣ дорад.

Азбаски шумораи афзоишёбандаи амрикоиҳо қобилияти баргардонидани вомҳоро аз даст медиҳанд, бонкҳо хисороти бузург мебинанд ва ин сабаби аслии адами эътиқоди бонкҳо ба муштариҳо гаштааст.

Бӯҳрон ба зудӣ ба дигар кишварҳо низ асар карда мунҷар ба болоравии баҳраи қарзҳо гашта соҳибкориро мушкил намуд. Ин

хатар ба амал омад, ки бӯҳрони вомҳо иқтисоди тамоми ҷаҳонро ба ҳам мезанад, ба ҳамин хотир, чораҳои бонкҳои марказии баъзе кишварҳои ҷаҳонро мутахассисон истиқбол намудаанд. Мутахассиси соҳаи молӣ Том Метзолд аз ширкати Итон Вансе Менеҷменти Ню Йорк инро чунин шарҳ медиҳад:

“Ин маънои онро дорад, ки ҳоло барои ба худ омадани иқтисод аз ин маризӣ, аз ин лағжише, ки ба амал омадааст, осонтар мешавад. Чунки маблағҳои бештари пул барои бонкҳо ва дигар ниҳодҳои вомдиҳанда қобили дарёфт мешавад ва онҳо имкон пайдо мекунанд ба муштариёнашон кумак расонанд, ки ин лағжиш ва мушкилиҳои бозори ҷаҳониро пушти сар кунанд.”

Оё чораҳои бонкҳои ҷаҳонӣ ёрӣ хоҳанд дод ё хайр ҳоло маълум нест. Мушкили аслӣ дар он аст, ки ҳоло касе дақиқ намедонад, ки бӯҳрони молии бозори вомҳои Амрико ва дигар кишварҳо то чӣ андоза аст ва хисороти бонкҳо чӣ гуна хоҳад буд. Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки агар ошкор шавад, ки бӯҳрони вомҳо ин як мушкили кутоҳмуддат неву қазияи бунёдӣ бошад, дар ин ҳол, танҳо бо ҷудокардани маблағи иловагӣ онро ҳал карда намешавад.

XS
SM
MD
LG