Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати садҳо ҷангҷӯи Толиб дар Мусоқалъа


Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, нерӯҳои ин кишвар ҳамроҳ бо қувваҳои байналмилаллии ба раҳбарии НАТО ҳангоми набардҳо дар дохил ва атрофи шаҳраки Мусоқалъа садҳо тан аз ҷангҷӯёни толибро куштаву маҷрӯҳ карданд.
Ҳазорон нафар сарбози Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалӣ ҳафтаи равон шаҳраки Мусоқалъаро аз тасарруфи ҷангҷӯёни Толиб озод карданд. Толибон баъди суқуташон дар соли 2001 шаҳраки Мусоқалъаро моҳи феврали соли равон таҳти контроли худ дароварданд.
XS
SM
MD
LG