Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори дигари Амрико ба Сурия


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш қатли генерали лубнонӣ Франсуа Ал-Ҳаҷҷро маҳкум карда ва аз Сурия хост, ба умури дохилии Лубнон дахолат накунад. Генерал Франсуа Ал Ҳаҷҷ, ки қарор буд, фармондеҳи артиши Лубнон шавад, рӯзи чаҳоршанбе дар натиҷаи таркиши мошини бомбгузоришудааш ба ҳалокат расид.
Ҷорҷ Буш рӯзи панҷшанбе гуфт, “мисли бисёре аз қурбониёни қаблӣ генерал Ал-Ҳаҷҷ тарафдори истиқлоли Лубнон ва мухолифи дахолати Сурия ба корҳои дохилии Лубнон буд.” Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш ба ҳукумати Лубнон кӯмак хоҳад кард, то дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ амният дар он кишварро нигаҳ дорад. Давлати Сурия мегӯяд, ки дар қатли генерал Ал-Ҳаҷҷ даст надорад.
XS
SM
MD
LG