Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстон" ва "душманон"-и Чин дар ҷаҳон


Бар тибқи назархоҳии маркази назарсанҷии Пю, бештари мардум дар сартосари дунё нисбат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин назари мусбат доранд. Чинро бештар да кишварҳои осиёӣ ( ба ҷузъ Ҷопону Кореяи Шимолӣ) ва африқоӣ дӯст медоштаанд.

Аммо ин маркази назарсанҷӣ тахмин мекунад, ки зиёд шудани қудратмандии Чин аз лиҳози низомиву иқтисодӣ, дар чанд соли минбаъда метавонад муносибати мардумро ба ин кишвар тағийр бидиҳад. Зеро аз ҳоло бинобар афзудани тавонмандии иқтисодии ин кишвар, муносибати зидди чиноӣ дар Аврупои Ғарбӣ эҳсос мешавад. Ин назархоҳӣ ҳокист, ки аз миёни мардуми 46 кишвар бо шумули Фаластин, 27-тояш ба Чин муносибати мусбат доранд ва танҳо дар 5 кишвар дар робита ба Чин назари манфӣ вуҷуд дорад.Тарафдорони Чин бештар дар кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ, аз ҷумла, Малайзия, Покистон, Бангладеш, Индонезия, Малӣ, Кения, Сенегал, Нигерия, Танзания ва Эфиопия будаанд.

Аммо гуфта мешавад, дар миёни сокинони кишварҳои осиёӣ низ дар муносибат бо Чин назарҳои мухталиф ҷой дорад. Барои мисол, 43 дарсади пурсидашудагон дар Малайзия аз афзоиши қудратмандии низомии Чин нигаронанд, вале 66 дарсади онҳо тавонмандии иқтисодии ин кишварро хуш мепазиранд. Назари манфӣ нисбат ба Чин дар Ҷопон бештар будааст, зеро 67 дарсади пурсидашудагон дар ин кишвар муносибати сарди худро баён кардаанд ва 80 дарсад ба афзоиши қудратмандии нерӯҳои низомии Чин назари бад доранд.

Ҳамчунин, дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба мисли Итолиё, Ҷумҳурии Чех, Олмон, Фаронса ва Туркия нисбат ба Чин муносибати манфӣ доштаанд.

Дар ин назархоҳӣ гуфта мешавад, ҳарчанд муносибати ҷаҳон дар нисбати Чин аксаран мусбат ба назар мерасад, аммо дар қиёс бо 2 соли гузашта маҳбубияти ин кишвар то ҳадде коҳиш ёфтааст. Коҳиши бештар дар ҳамсоякишварҳои Чин, ба мисли Ҷопону Ҳиндустон ва дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, дар миёни Бритониё, Фаронса, Олмон ва Испания ба чашм мехӯрад. Новобаста ба маҳбубияти Чин дар миёни кишварҳо, аксари пурсидашудагон нигаронии худро аз афзоиши қудрати низомиву иқтисодии ин кишвар пинҳон намедоранд. Чунин нигаронӣ бештар дар 2 кишвар ба назар мерасад, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон.

Ҳамчунин, 59 дарсади пурсидашудагон дар Ҳиндустон ва 70 дарсад дар Русия гуфтаанд, аз тавоноии низомии Чин дар ҳаросанд, аммо ба назари аксарият дар Покистон, Малайзиё ва Бангладеш пуриқтидории нерӯҳои низомии Чин барои кишвари онҳо низ хуб аст.

Дар ҳамин ҳол, ағлаби пурсидашудагон аз афзоиши нуфузи иқтисодии Чин пуштибонӣ мекунанд. Анқариб кулли ҳамсоякишварҳои Чин иқтисоди хуби ин кишварро ба манфиати худ медонанд.

Феълан, ҳузури таъсири Чин дар саҳнаи ҷаҳонӣ бештар дар Африқо ва Амрикои Лотинӣ эҳсос мешавад. Ағлаби пурсидашудагон таъкид бар он мекунанд, ки Чин нисбат ба кишварҳои онҳо муносибати якмаром дорад.

XS
SM
MD
LG