Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар як маросими бошукӯҳ дар Лиссабон зери Паймони ислоҳоти Иттиҳодияи Аврупо имзо гузоштанд.

Ин паймон ба бунбасти дусола, ки баъди саркашии Фаронсаву Ҳолланд аз қабули конститутсияи Иттиҳодияи Аврупо сар зада буд, хотима мегузорад.

Жозе Мануэл Барозу-раиси Комиссияи аврупоӣ, ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо имзои Паймонро бузургтарин дастоварди Аврупо баъди хатми Ҷанги сард номид:

"Ин паймони аврупоӣ аз баҳри Миёназамин то баҳри Балтик ва аз уқёнуси Атлантик то баҳри Сиёҳ тавсеа ёфта аст. Аврупое, ки арзишҳо ва нақшаҳои муштарак дорад. Барои аввалин бор кишварҳое, ки зери пардаи худкома қарор доштанд, дар иттиҳод паймонеро имзо карданд, ки дар таҳияи он худашон ширкат варзида буданд."

Ба қавли муаллифони ин санад, акнун Иттиҳодияи Аврупо ба масъалаҳои миқёси ҷаҳонӣ саривақт аксуламал нишон дода, тарзи раҳбарии ин созмонро дигаргун месозад.

Ду моҳ пеш раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ба имзои Паймони Лиссабон ризоият дода буданд. Баҳси ин санад ду сол идома дошт ва кишварҳо баҳс мекарданд, ки то кадом ҳудуд аз истиқлоли худ даст кашида, ба ҳокимияти марказии Иттиҳодия мувофиқат хоҳанд кард. Паймон баъди тасвиби он аз тарафи ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодия, яъне тахминан дар соли 2009 ба ҳукми иҷро хоҳад даромад.

Паймон чорчӯби қабули қарорҳои Иттиҳодияи Аврупоро тағйир медиҳад. Бар пояи он кишварҳои узв аз ҳаққи ветогузорӣ маҳрум мешаванд.

Бар илова, барои раҳбарии нишастҳои кишварҳои узв ва намояндагии Аврупо дар хориҷа мансаби президент ва вазири корҳои хориҷӣ ё худ фиристодаи воломақом таъсис дода мешавад. Сарвазири Португалия Жозе Сократес гуфт, ки Паймон кишварҳои Аврупоиро аз бунбаст хориҷ хоҳад кард:

"Ҷанобону хонумҳо, ин пирӯзии Аврупо мебошад. Бо паймони нав аз бунбасти феълӣ берун мешавем. Аз ин ба баъд, мо бӯҳрони сохторӣ нахоҳем дошт. Мо ба додани посух ба таҳдидҳои оянда ҳозир хоҳем буд ва мо дар муқоиса бо нишасти моҳи октябр қавитар шудем."

Вале зоҳиран ҳанӯз ҳам баъзе кишварҳо ба паймон бо шак менигаранд. Сарвазири Бриатния Гордон Браун дар маросим иштирок накард. Ӯ дертар озими Лисабон шуда, паймонро дур аз назари мардум ба имзо расонд.

Рӯзи ҷумъа, 14 декабр, раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз Лиссабон ба Брюссел рафта, дар маҷлиси солонаи созмон ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG