Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камшавии иқтидори нерӯгоҳи "Қайроқум"


Ба гуфтаи масъулини идораи барқи Суғд, нерӯгоҳи барқи обии «Қайроқум» ба иллати поин рафтани сатҳи об дар обанбор имрӯзҳо танҳо бо камобеш аз ними иқтидори тавлидотии худ кор мекунад.

НБО–и «Қайроқум» дар ин рӯзҳое, ки минтақаи шимолии Тоҷикистон аз нерӯи барқ шадидан танқисӣ мекашад, ягона манбаъи барқофарин дар Суғд бо иқтидори тавлидотии 126 мегават соат мебошад.

Муъмин Тошматов, сардори идораи «Барқи Тоҷик» дар вилояти Суғд гуфт, ба иллати камии об имрӯзҳо НОБ–и «Қайроқум» дар шабонарӯз аз 2 то 2.5 миллион киловатт соат барқ меофарад.

Аммо ба гуфтаи вай, ин танҳо тахминан шашяки ниёзи вилояти Суғдро мутобиқи лимити ҷорӣ бо нерӯи барқ бароварда месозад. Тақрибан 4 миллион киловатт соат барқи дигар дар ҳар шабонарӯзро Суғд аз Узбакистон мегирад. Масъулини идораи барқи Суғд мегӯянд, имрӯзҳо аз рӯи меъёр вилояти Суғд дар як шабонарӯз каме беш аз 6 миллион киловатт/соат барқ истифода мекунад.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи мутахассисин, барои таъминоти шабонарӯзӣ дар фасли сармо вилояти Суғд ҳадди ақал ба 14 миллион киловатт/соат нерӯи барқ ниёз дорад. Дар чунин ҳол барқ ба манзилҳои одамон танҳо дар субҳу шом ду соатӣ интиқол меёбад. Сокинони Суғд мегӯянд, набуди барқ дар манзилҳои зисташон ҷони онҳоро хаста кардааст. Баъзе одамон хонаҳои зисти худ дар биноҳои бисёртабақаро бо бухориҳои оддӣ ва ҳезуму ангишт гарм мекунанд.

Ба гуфтаи масъулини идораи барқи Суғд, ки имрӯзҳо дар минтақаи шимолии Тоҷикистон танҳо корхонаҳову идораҳои давлатӣ ва дигар муаассисаҳои муҳим, мисли бемористону кӯдакистонҳо дар давоми шабонарӯз бо барқ таъмин карда мешавад.

XS
SM
MD
LG