Пайвандҳои дастрасӣ

Дел Понте ба истеъфо меравад


Имрӯз хонум Карла дел Понте аз вазифаи раҳбари додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Югославияи собиқ ба истеъфо меравад. Дел Понте соли 1999 ба ин мансаб пешбарӣ шуда буд. Дар ҳашт соли кор ин хонуми швейтсарӣ дар таъқибу муҳокимаи чандин ҷинояткор кумак кард. Дел Понте сар аз 1-уми январи соли 2008-ум сафири Швейтсария дар Аргентина мешавад. Ба вазифаи раҳбари додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҳарбӣ дар Югославияи собиқ Серж Брамертс аз Белгия пешбарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG