Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе – Хуҷанд се рӯз дар ҳафта боз мемонад


Қисмате аз шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд
Қисмате аз шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз панҷшанбе то якшанбеи ҳар ҳафта дар ҳарду самти шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёти автомобилӣ баста мешавад.

Бино бар иттилоъи Кодир Саидов, мудири иҷроияи Маркази давлатии амалисозии лоиҳа оид ба тармими роҳҳои автомобилии Душанбе – Бӯстон – Чанак, қарори мазкур ба муносибати гузаронидани корҳои инфиҷорӣ дар яке аз қисматҳои ин шоҳроҳ қабул шудааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин қисмати роҳ аз тарафи ширкати сохтмонии чиноии «China Road» тармим шуда истодааст. Дар Вазорати нақлиёти шарҳ доданд, ки шурӯъ аз 13-уми декабри соли ҷорӣ дар давоми чаҳор рӯзи ҳафта дар қисмати аз корхонаи Анзоб то шаҳраки Айнии роҳ ба мақсади васеъсозии роҳи ин минтақа корҳои инфиҷорӣ бурда мешавад.
Гуфта мешавад, рӯзҳои душанбе, сешанбе ва чаҳоршанбе ҳаракат барои тамоми навъҳои нақлиётӣ дар ин қисмату тамоми шоҳроҳи мазкур боз аст ва бо итмоми корҳои зарурӣ шоҳроҳ аз рӯи реҷаи қаблӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи К. Саидов, феълан 82 километри шоҳроҳи Душанбе – Чанак, ки маҷмӯъан 354 км тӯл дорад, дуқабата (8 см) ва 68 километри роҳ танҳо як қабат мумфарш шудааст. Ӯ ҳамчунин ишора намуд, ки то 1-уми декабр ба ҳисоби $112 милион аз ҳаҷми умумии лоиҳа ($295, 9 миллион) корҳо анҷом дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тавофуқномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин дар бораи тармими роҳи автомобилии Душанбе – Бӯстон – Чанак ҳанӯз 15-уми июни соли 2006 дар Шанхай (Хитой) аз рӯи натоиҷи мулоқоти сарони ду кишвар ба имзо расида буд. Қимати умумии лоиҳа ҳудуди $295, 9 миллионро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор $281 105 000 воми имтиёзноки Чин мебошад.
Бар тибқи ин тавофуқнома, тармими шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ – Истаравшан – Хуҷанд – Бӯстон – Чанак (марзи бо Узбакистон) то соли 2009 анҷом дода мешавад.
XS
SM
MD
LG