Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши Бунёди Оғохон дар Хоруғ


Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони IV
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони IV

Дар донишгоҳи Хоруғ намоиши фаъолияти Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ёдгор Файзов раиси Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории намоишро шиносоии бештари мардум ба фаъолияти Бунёд, ки дар тули 15 соли ахир дар ҷумҳурӣ амалӣ шуда, арзёбӣ кард. Вай гуфт, барномахои Бунёд дар риштаҳои тандурустӣ, маъориф, рушди деҳот, дастгирии ҷомеъаи 60 дарсади ҳудуди ҷумҳуриро, ки зиёда аз се миллион сокинон шомили он мебошанд, фаро гирифтааст.

Раиси Бунёди Оғохон гуфт, барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи куҳистон дар Бадахшон ва минтақаи Рашт ва се ноҳияи вилояти Хатлон, барномаи беҳдошт дар маркази ҷумҳурӣ ва вилоёти Халону Бадахшон, ва бонки хурди молиявӣ дар кулли манотиқи кишвар фаъолият доранд ва дар оянда дар манотиқи мухталифи кишвар бо назардошти имконоти маҳал барномаҳои инвестиционӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд. Раиси вилояти Бадахшон Қодир Қосим бо ёдоварӣ аз саҳми Бунёди Оғохон дар иҷрои барномаҳо гуфт, танҳо як соли ахир аз тариқи барномаҳои Бунёд барои рушди Тоҷикистон сад миллион доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст.

Бонки хурди молиявӣ дар Хоруғ яке аз барномаҳои Бунёди Оғохон дар минтақа аст, ки иштирокдорон дар намоишгоҳ ба фаъолияти он шинос шуданд. Ин бонк танҳо дар соли равон 7 миллион доллари амрикоиро ба шакли қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон додаст. Масъули барномаи ҳунармандӣ ва дастони моҳир Ёралӣ Бердов гуфт, ҳадафи ин барномаи навтаъсис эҳё ва такмили ҳунарҳои мардумӣ дар минтакқа буда, алҳол 70 нафар ҳунармандон фаъолона бо ин барнома ҳамкорӣ доранд.

Вай баён дошт, ки дар маркази онхо ҳамеша асбобҳои мусиқӣ, намунаҳои ҳунархҳои косибӣ, ҷуроббофӣ ва кулолиро муштариён харидорӣ мекунанд. Намоиш дар рӯзи мавлуди пешвои исмоилиёни дунё Шохкарим ал-Ҳусайнӣ баргузор гардид.

XS
SM
MD
LG