Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи БАТР барои рушди кишоварзии Тоҷикистон


Бонки Аврупоии Тавсеъа ва Рушд (БАТР) бо мақсади дастгирии соҳаи кишварзии Тоҷикистон ба бонкҳои ин кишвар 20,7 миллион доллар қарз ҷудо кардааст. Бино ба иттилоъи бахши Бонки Аврупоии Тавсеъа ва Рушд дар Осиёи Марказӣ, ин маблағ тавассути се бонки Тоҷикистон, аз ҷумла «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва «Эсхата», ҳамчун қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои миёна ва хурди минтақаҳои кишоварз пешниҳод хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ин маблағ дар чаҳорчуби як барномаи сармоягузории соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ихтисос дода мешавад, ки бо мақсади таҷдид ва тавсеъаи ин соҳа тарҳрезӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG