Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбаст дар конфронси тағйири иқлим


Раиси Конфронси СММ бахшида ба тағйири иқлим мегӯяд, дар мавриди қабули иқдомҳо бар зидди гармшавии саросарӣ ӯ "хеле ҳам нигарон" аст.
Иво де Бур мудири иҷроияи Барномаи СММ дар масъалаи тағйири иқлим рӯзи панҷшанбе дар ҷазираи Балӣ бо рӯзноманигорон вохӯрда буд.
Дар конфронси Балӣ чорчӯби мубориза бо гармшавии саросарии ҳаво баъди соли 2012-ум, яъне замони ба поён расидани Протоколи Киото, баррасӣ мешавад.
То охири нишаст камтар аз як рӯз мондааст, вале ҷонибҳо дар мавриди коҳиши мизони партобҳо ба мувофиқат нарасидаанд.
ИМА ва чанд кишвари дигар мухолифи қабули барномаи коҳиши бузурги партоби газҳо аз тарафи кишварҳои сарватманд мебошад, ки тибқи нақша бояд то соли 2020-ум амалӣ гардад.
XS
SM
MD
LG