Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муфаттишони ҳаставии СММ дар Теҳрон


Расонаҳои давлатии Эрон навиштаанд, ки имрӯз мақомоти Ҷумҳурии исломӣ бо муфаттишони ҳаставии СММ даври навбатии музокироти барномаи ҳаставии Теҳронро ба анҷом расонданд. Ба навиштаи хабаргузории ИРНО баҳси ду ҷониб ҳузури гарди уран дар таҷҳизоти коллеҷи техникии Донишгоҳи Теҳронро дар бар гирифт, ки қаблан аз тарафи муфаттишони СММ ташхис шуда буд. Алӣ Асғар Султония фиристодаи Эрон дар Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ мегӯяд, ҳамаи суолҳои муфаттишон "посух ва шарҳи худро ёфтанд". То кунун ҳайъати Эрон ва муфаттишони СММ озмоиши плутониум дар Ҷумҳурии исломӣ ва истифодаи сентрифугаҳои ғанигардонии уран аз тарафи Теҳронро арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG