Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё мардикорони тоҷик дар Аморот кор хоҳанд кард?


Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад ибни Ҳусайн аш-Шиъолӣ, вазири корҳои хориҷии Амороти муттаҳидаи арабӣ, вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва АМА баррасӣ шуданд.

Ҷаноби Шиъолӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки яке аз масоили муҳимми дар мулоқот матраҳшуда ифтитоҳи сафорати АМА дар Тоҷикистон буд. Ӯ афзуд, ба ғайр аз ин масоили марбут ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои, қабл аз ҳама, иқтисод, ки имрӯз ба имконоти зарурии дошта мутобиқат намекунад, дида шуданд.
«Мо сари масъалаи дар Тоҷикистон гузаронидани як ҳамоиши тиҷоратӣ ва мулоқоти сарони ширкатҳои ҳарду кишварро доир кунем, - изҳор намуд вазири хориҷаи Аморот. – Ҳамчунин сафарҳои мутақобили тоҷирони Тоҷикистон ва Иёлоти муттаҳидаи арабӣ дар назар аст».
Ба гуфтаи ин давлатмард, инчунин доираи васеъи масоили сиёсати байнулмилалӣ, аз ҷумла, вазъ дар Ховари миёна ҳаллу фасл гардид.
Дар посух ба суоли марбут ба лоиҳаҳои мушаххаси иқтисодие, ки ширкатҳои АМА метавонад дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон амалӣ намоянд, ҷаноби Шиъолӣ изҳор кард, ки дар ин робита соҳаҳои пахтакориву домпарварӣ ва энерживу истифодаи захоири обии Тоҷикистон ба ин мақсадҳо имконоти бештар доранд. «Вале лоиҳаҳои мушаххас ҳангоми боздиди тоҷирони мо аз Тоҷикистон ҳайъатҳои ҳарду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.
Дар шарҳи масъалаи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба бозори кори АМА вазир гуфт, ки онро вазоратҳои кори ду давлат муфассал хоҳанд ҳаллу фасл намуд. Муҳаммад ибни Ҳусайн аш-Шиъолӣ таъкид кард, ки АМА ба нерӯи корӣ, хосса аз кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG