Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳамкорӣ ҷиҳати рафъи қашшоқӣ дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дирӯз вазъу дурнамои минбаъдаи ҳамкории байни ҳукумати Тоҷикистон ва ХБА дар ҷараёни мулоқоти президент Эмомалӣ Раҳмон бо Карлос Пинеруа, раҳбари намояндагии ХБА дар Тоҷикистон, баррасӣ гардид.
Бино бар хабари маркази иттилоъотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамсуҳбатон дар ин мулоқот масоили рушди макроиқтисодии кишвар, ҳамкории мутақобилаи сохторҳои ҳамгун бо ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, амалисозии ислоҳоти соҳаҳои бонкиву молиётӣ, воридсозии стондордҳои байнулмилалии баҳисобгириии муҳосиботӣ ва дар ин замина таҳияи барномаи нави ҳамкориҳои тарафайн ҳаллу фасл гардид.
Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб таъкид намуданд, ки омодаанд ҳамкориҳои судманд дар амалисозии стротежии кам кардани сатҳи қашшоқӣ дар Тоҷикистон идома бидиҳанд.
XS
SM
MD
LG