Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Ги Мун: сабаби гармоиши Замин инсоният аст


Дабири кулли СММ Бан Ги Мун

Дабири кулли СММ Бан Ги Мун

Дабири кулли СММ Бан Ги Мун иддаъои онҳоеро, ки мегӯянд, тағйири иқлим ба айби инсоният нест, беасос номида гуфт, инсоният сабаби аслии гармоиши курраи Замин аст.

Вай зимни суханрониаш дар Нуса Дуа афзуд, мо дар инҷо барои он гирдиҳам омадаем ки дигар вақти дуруғгӯӣ тамом шуд. Таҳқиқоти илми ошкоро шаҳодат медиҳанд, ки иқлим тағйир меёбад, таъсири он воқеъист ва ҳоло замон барои иқдом фаро расидааст.

Дабири кулли Созмони Милал изҳор дошт, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, чӣ дар ҳоли рушд ва чӣ қудратҳои ҷаҳонӣ, бояд аҳдномаи Киоторо иҷро кунанд ва ихроҷи газҳои гулхонаиро аз 25 то 40 дарсад аз сатҳи соли 1990 коҳиш диҳанд ва то соли соли 2020 ба ин нишондод бирасанд.

Нахуствазири нави Австралиё Кевин Руд шахсан ба дасти Бан Ги Мун ҳуҷҷатҳои тасвиби аҳдномаи Киото аз ҷониби ҳукумати кишварашро таслим намуд. Нахуствазири қаблии Австралиё Ҷон Ҳовард аз имзои аҳднома худдорӣ карда буд ва ин кишвар танҳо даҳ рӯз пештар баъди хотимаи ҳукмронии Ҳовард ба аҳдномаи Киото пайваст.

Кевин Руд гуфт, аз тасмими кишвараш барои тасвиби аҳдномаи Киото ифтихор мекунад. Вай афзуд, ҳукумати зери сарварии ман ин гомро барои он бардоштааст, ки мо бовар дорем тағийри иқлим муҳимтарин масъалаи иқтисодӣ, маънавӣ ва муҳитзистии замони мо мебошад. Австралиё имрӯз барои муқобила бо ин масъала омода аст.

Аммо ҳукумати ИМА таҳти сарварии Ҷорҷ Буш то ҳол зери аҳдномаи Киото имзои худро нагузоштааст. То ҳол маълум нест, оё ҷонишини Ҷорҷ Буш, ки соли 2009 ин мақомро ишғол хоҳад кард, ба аҳднома ҳамроҳ мешавад ё хайр. Ҳукумати кунунии Амрико пайваста ба кӯшиши мушаххас кардани ҳадафҳои муайяни коҳиши ихроҷи газҳои гулхонаӣ мухолифат мекунад. ИМА бар ин ақидааст, ки ин мавзӯъ набояд нуктаи оғози гуфтушунуд, балки яке аз ҳадафҳои музокироти кунунӣ бошад.

Эйлин Клаусен, раиси Маркази таҳқиқотии тағйири иқлим дар сӯҳбат бо радиои Озоди гуфт, ҳукумати Буш баровардҳои конфронси Балиро дастгирӣ хоҳад кард. Вай афзуд, албатта шубҳа дорад, ки музокиракунандагони амрикоӣ ба пазируфтани барномаҳои муайян розӣ хоҳанд шуд, аммо, мегуяд ӯ, мақомоти Вошингтон шояд дар мавриди баъзе аз барномаҳо мувофиқат кунанд.

Хонум Клаусен изҳор намуд, ки Буш хатароти тағйири иқлимро дарк кардааст ва медонад, ки сабаби аслии он фаъолияти инсон мебошад. Ӯ бовар дорад, ки раисҷумҳури ояндаи Амрико аз кадом ки ҳизб набошад, ба ин мавзӯъ назар ба Буш ҷиддитар бархурд хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG