Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон фолбиниро мамнӯъ кард


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон қонунеро ба тасвиб расонид, ки бар асоси он касе, ки ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду шуғл меварзад ба миқдори беш аз 150 доллар ҷарима хоҳад шуд.
Сухангуи порлумони Тоҷикистон бо тавзеҳи ин қонун гуфтааст, дар сурате, ки шахс такроран ба чунин амале даст бизанад, ҳаҷми ҷарима нисбати ӯ бештар ва то 230 доллар хоҳад шуд. Феълан дар Тоҷикистон фолбину ҷодугарон назар ба табибон муштариёни бештар доранд. Ин қонун баъди ба имзои раиси ҷумҳур расидан мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG