Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои САҲА аз давлати Русия


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз давлати Русия хост, дигарбора ба Паймони Нерӯҳои Мусаллаҳи Маъмулӣ дар Аврупо бипайвандад, зеро муттавақиф кардани ҳузури Русия дар ин паймон метавонад, ба амнияти Аврупо таъсири манфӣ гузорад.
Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ ва давлати Амрико аз тасмими Русия барои мутаввақиф кардани ҳузураш дар ин паймони замони ҷанги сард ибрози таассуфи амиқ кардаанд. Бар асоси Паймони Нерӯҳои Мусаллаҳи Маъмулӣ дар Аврупо, ки соли 1990 имзо ва соли 1999 такмил шуд, истиқрори тонку тӯпҳои вазнин дар қаламравҳои муайяни Аврупо мамнӯъ аст.

XS
SM
MD
LG