Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугуи бенатиҷаи Ӯзбакистону Қирғизистон


Қирғизистон ва Узбакистон дар робита ба қиммати гази содиротӣ барои соли оянда ба мувофиқат нарасиданд. Мудири ширкати давлатии "Қирғизгаз" гуфтааст, ки қиммати таъйинкардаи Ӯзбакистон барои гази содиротиаш бисёр баланд аст. Ӯ аз гуфтани қиммати таъйиншуда худдорӣ варзида, вале гуфтааст, ки Қирғизистон омодааст, барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ 130 доллар пардохт кунад. Дар чанд рӯзи пеш мақомоти Тоҷикистону Узбакистон низ натавонистанд дар робита ба қиммати гази Узбакистон барои соли 2008 ба созиш бирасанд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, давлати Ӯзбакистон зоҳиран барои ҳар ҳазор метри мукааб гази табиӣ на камтар аз 150 доллар талаб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG